Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз сӯи мақомоти интизомӣ шаҳрванди Русия зодаи Доғистон бо ҷурми дуздии маблағи калон ва телефонии мобилӣ боздошт шуд.Тавре ки ба оҷонси хабарии «Азия плюс» аз маркази матбуоти ВКД хабар додаанд, шаҳрванд Бахтиёр Саидов ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кардааст, ки аз ҷои кории ӯ – автомойкаи «Шаҳноза» дар 24 км роҳи Варзоб - Душанбе, шахси номаълуме ворид шуда, панҷ ҳазор сомонӣ ва телефонии мобилиро ба яғмо бурдааст.
«Ҳини гузаронидани чораҳои ҷустуҷӯи фаврӣ ба гумони содир кардани ин ҷиноят зодаи Доғистон Муҳаммадрасул Ҷалолов боздошт шуд», - хабар медиҳад манбаъ.