Ҷӯгиёни Тоҷикистонро аз Русия депортатсия мекунанд

Хабари хуб 05.08.2011 14:06

AbrorЧаҳор хонаводае аз ҷӯгиён ё лулиёни Тоҷикистон бо сабаби даст ба гадоӣ задан аз шаҳри Челянбински Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Як масъули бахши Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Челябинск ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки ин афрод аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ин шаҳр омада, ахиран бидуни сарпаноҳ монда ва ба гадоӣ машғул шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аснод барои ихроҷи ин хонаводаҳо омода шуда ва дар рӯзҳои наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Ҷӯгиҳои Тоҷикистон, асосан дар замони даргириҳои дохилӣ дар кишвар, ки Тоҷикистон рӯзҳои сахтеро сипарӣ мекард, ба қасди Русия кишварро тарк карда ва худро гурезаи тоҷик муаррифӣ карда, дар шаҳрҳои Русия даст ба гадоӣ мезаданд. Теъдоди азими ҷӯгиёни тоҷик замоне кишварро тарк карда бозори гадоии Русияро интихоб карданд, ки тибқи як барномаи Бунёди Мадад-Сорос хеле аз онҳо бо шиносномаи тоҷикӣ таъмин гардиданд. Акнун бори нанги гадоии ин тоифаи мардумонро муҳоҷирони беҳуқуқи тоҷик, ки сахттарин ва пасттарин корҳоро ба ивази музди ночизе дар Русия анҷом медиҳанд, мекашанд.

Гуфта мешавад, дар ҳафтаи гузашта 21 наврасе, ки даст ба гадоӣ зада буданд, аз ҷониби ниҳодҳои интизомии шаҳри Челябинск боздошт шуда ва ба марказҳои иҷтимоъии ин шаҳр мунтақил шудаанд. Танҳо дар ним соли ҷорӣ дар ин шаҳр 125 гадои наврас дастгир шудаанд, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вориди Русия шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97