Чиниҳо қоидаҳои экологиро ҳам вайрон карданд?

Хабари хуб 28.04.2011 00:18

Khitoi_013 адад корхонаҳои чинии оҳангудозӣ, ки дар маркази вилояти Хатлон фаъолият доранд, ба маблағи 76 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Чуноне, ки Раҳматулло Сафаров, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон зимни нишасти матбуоти рўзи 27 апрел иттилоъ дод, зимни санҷиш маълум шуд, ки ин корхонаҳои хурди оҳангудозӣ, ки ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ дорад, бинобар надоштани ҳуҷҷатгузорӣ ва риоя накардани қоидаҳои экологӣ аз ҷониби кормандони раёсати онҳо ҷаримабандӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ ду адад аз ин корхонаҳо «Хонда» ном дошта яке ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ ва дуввуми ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Ҳамчунин коргоҳи дигари оҳангудозии чинӣ «Тенгхун» низ ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима шудааст. Ин миқдор маблағҳои ҳамчун ҳаҷми зарари расонидаи онҳо ба ҳавои муҳит арзёбӣ мегардад. Оид ба ҳаҷми ҷаримабанди масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон иброз дошт, ки коргоҳҳои чинӣ вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаашон ҷаримабандӣ карда шудаанд. Ба гуфти манбаъ ин коргоҳҳои оҳангудозӣ масолеҳи корношоями оҳанинро ҷамъоварӣ намуда, баъди гудохтан оҳани тозаро ба дигар корхонаҳои металургӣ пешниҳод мекунанд.

Тибқи иттилои бадаст омада, дар се моҳи авали соли ҷори дар ҳудуди Хатлон нисбати қонйнвайронкунандагон ба маблағи 65 250 сомонӣ ҷарима баста, аз ин миқдор 55 248 сомонӣ ситонида шудааст. Ба 63 корхона ташкилот муассиса ва хоҷагиҳо ба маблағи 83 859 сомонӣ зарар муқаррар карда шуда, аз он 23 589 сомонӣ ситонида шудааст.

Дар ин муддат ба суди иқтисоди 2 парванда ба маблағи 12 985 сомонӣ, ба судҳо 15 мавод ба маблағи 6995 сомонӣ ва ба прокуратура 7 мавод ба маблағи 6475 сомонӣ баррасӣ карда шудааст, ки аз ин маблағҳо мақомотҳои қудратӣ 5280 сомонии онро аз ҷавобгарҳо ба фоидаи давлат руёнидаанд.

Ҷамолиддин Усмониён

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97