Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки эҳтимол дорад, нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ боло равад.
Вазири нақлиёт сабаби аслии онро дар боло рафтани қиммати сӯзишворӣ дар кишвар дониста, чунин иброз кард: "Болоравии нархи сӯзишворӣ таъсири худро ғайриихтиёр мерасонад. Ҳоло ширкату корхонаҳои мусофирбарӣ дар ин бора пешниҳодҳои худро кардаанд ва мутахассисон дар ин самт кор бурда истодаанд".
Ҷаноби Ҳакимов аз тарҳҳои роҳҳои пулакӣ дар кишвар пуштибонӣ карда, онҳоро барои нигаҳдории ҳолати роҳҳо амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки барои бозпардохти сармояҳои хориҷие, ки барои бунёди роҳ истифода мешавад ва ҳифзу нигаҳдории инҳо бояд, ки пулакӣ шаванд. Ӯ афзуд, ки дар чанд соли оянда, роҳҳои Душанбе-Ваҳдат-Данғара, Душанбе - Турсунзода ва дигар роҳҳои мошингард ба ҷанубу шарқи кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба пурсиши рӯзноманигорон дар мавриди тармими роҳҳои хурди дохили кишвар иброз дошт, вазорат сармояи кофӣ надорад. Аз ин рӯ бояд мақомоти маҳаллӣ дар тармими онҳо низ сармоягузорӣ намояд ва гуфт, ки "қарори 639 ҳукуматҳои маҳаллиро вазифадор кардааст, ки дар маблағгузории роҳҳои маҳаллӣ мусоидат намоянд".
Масъулони Вазорати нақлиёт гуфтанд, ки роҳи мошингарди Хуҷанд-Ашт ва Панҷакент-Айнӣ ба тармими ҷиддӣ ниёз дошта ва ба далели камбуди сармоя мумкин бархе аз қисматҳои ин роҳҳо низ аз тариқи ҳашар тармим шавад.
Инчунин гуфт, ки дар ояндаи наздик тамоми шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо, ки имрӯз нақлиёти мусофиркашӣ надоранд, соҳиби нақлиёти мусофирбарӣ хоҳанд гашт. Бояд қайд кард, ки дар аксари шаҳру навоҳии кишвар то ҳанӯз чунин шакли нақлиёт вуҷуд надорад.
Ба пурсиши он, ки оё баъди қарордоди байни Уммон, Ирон, Туркманистон ваУзбакистон дар бораи сохтани роҳи оҳан ва интиқоли мол тавассути он оё хатари барканор мондани нақшаи Қошғар -Ҳиротро надорад ва Тоҷикистон дар гӯша намемонад? Ӯ ҷавоб дод, ки мо аллакай бо ширкати "Метро"-и Ирон сари ин масъала қарордод дорем ва танҳо сабаби асосии таъхир афтодани он дар набудани сармоя аст.