Қаҳрамонон намемиранд…, ҳатто пас аз 15 сол

Хабари хуб 26.04.2011 13:01

Amparo_012Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба хонаводаи сарбозе, ки дар ҷараёни даргириҳо дар ноҳияи Тавилдара дар соли 1994 нопадид шуда буд, ба миқдори 14 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохтааст.

Пардохти ин кумакпулӣ бо кумаки ҳуқуқии Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” ва пас аз тасмими додгоҳ сурат гирифтааст. Тибқи гузориши ин созмон, дар моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷинисо Сайдуллоева, модари Алихон Сайдуллоев, сарбози бедаракшуда, аз Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” барои таъмини ҳуқуқи фарзандаш кумак хостааст.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, Алихон Сайдуллоев дар моҳи августи соли 1994 ба ҳангоми даргириҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва Иттиҳоди мухолифон дар ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон бедарак шуда ва тибқи мусаввабаи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ин сарбоз фавткарда эътироф шудааст.

Тибқи қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ, дар сурати кушта шудани як сарбоз ба ҳангоми анҷоми хидмати низомӣ ба хонаводаи ӯ кумакпулии яквақта пардохт мешавад.

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” дар чорчӯби ин санади ҳуқуқӣ аз Нерӯҳои хушкигарди Вазорати дифоъи Тоҷикистон хостори пардохти кумаки молӣ ба хонаводаи Алихон Сайдуллоев шудааст.

Дар рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ Вазорати дифоъ ба модар, ҳамсар ва ду фарзанди хурдсоли Алихон Сайдуллоев ба миқдори 14 ҳазору 80 сомонӣ ё ҳудуди 3 ҳазор дулори омрикоӣ кумаки молӣ кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97