Ваъдаи Алӣ Солеҳ тазоҳургарони яманиро қонеъ накард

Хабари хуб 24.04.2011 21:19

Ali_AbdulloБо вуҷуди ин ки раисҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ дар рӯзи шанбе ба тазорҳургарон аз сари қудрат рафтани худро эълом карда буд, тазоҳурот имрӯз дар Яман идома дошт. Рӯзи шанбе Алӣ Абдулло Солеҳ пас аз тазоҳуротҳои ду моҳаи кишвараш бо пешниҳоди кишварҳои арабии Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс барои канорагирӣ аз қудратро пазируфт. Бар асоси ин тарҳ, раисҷумҳури Яман бо шарти масуният аз пайгарди қонунӣ, дар муддати як моҳ қудратро ба муовинаш месупорад.

Эътилофи нерӯҳои мухолифини Яман ин пешниҳодро бо баъзе аз мулоҳизот пазируфтанд. Аммо баргузоркунандагони тазоҳурот имрӯз талаб карданд, то Алӣ Абдулло Солеҳ фавран истеъфо диҳад ва ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Муҳаммад Абдул Ҳамид Шарбонӣ, як тазоҳургари яманӣ мегӯяд:" Алӣ Солеҳ, як дурӯғгу аст. Мо ба ӯ бовар надорем. Ӯ 33 сол боз дурӯғ мегӯяд. Ӯ ҳеҷ гоҳ рост намегуфт. Агар ӯ қобили эътимод мебуд, як ду дурӯғ мушкил надошт, вале мо ба ӯ бовар надорем."


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97