Маркази барқароркунӣ барои муҳоҷирон

Хабари хуб 23.04.2011 16:29

MIGrantiДар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа маркази барқароркунӣ барои муҳоҷирон таъсис ёфт. Нарзулло Барфиев директори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуоти иттилоъ дод, ки ба фаолият оғоз кардани ин марказ дар ҷобаҷогузорӣ ва кӯмаку дастгирии муҳоҷирон нақши муҳим хоҳад бозид. Зеро ҳар муҳоҷири тоҷике, ки ба Ватан бар мегардад барои дарёфти кор ва дигар масалаҳои ичтимоӣ ба кӯмаку дастгирӣ  ниёз дорад.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир бозгашти муҳоҷирон барои кору зиндагии доимӣ ба Ватан зиёд мушоҳида мешавад. Ҷавонони ба Ватан баргашта, барои дарёфти кор  ба қайд гирифтани ҳолати шаҳрвандии худ ниёз ба кӯмаку дастгирӣ доранд. Ба гуфтаи Назрулло Барфиев дар ҳудуди вилоят  якчанд марказҳои бозомӯзӣ фаъол шудаанд, ки ба омӯхтани касбҳои гуногун ба корҷуён хизмат мерасонанд.

BarfiEVБинобар гуфтаи масъулини Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи ихтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Хатлон «Маркази барқароркунии муҳоҷирон» инчунин бо оилаҳое, ки аз дигар минтақаҳои вилоят муҳоҷир шуда меоянд, кӯмакҳои авалини худро мерасонад. Ба гуфтаи манбаъ мутобиқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 октябри соли 2009, №406 оид ба қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» дар соли 2011 кӯчонидани 144 оилаҳои муҳоҷирон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 10 оила ба ноҳияи Шаҳритус ва 22 оила ба ноҳияи Носири Хусрав кӯчонида шуда, бо пуррагӣ бо қитъаи замин таъмин гардидаанд. Ин оилаҳо имрӯз сохтмони манзилҳои истиқоматии худро оғоз кардаанд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97