Пулро қад намекунанд?

Хабари хуб 23.04.2011 09:45

Ё чаро асъори тоҷикӣ бармаҳал фарсуда мешавад?

SoMonihoДар ҳоле мардум мегӯянд, ки  асъори тоҷикӣ аз қоғази камсифат бароварда шудааст, аммо бонкдорони хатлонӣ иброз медоранд, ки пеш аз мӯҳлат корношоям шудани асъори тоҷикӣ худи истифодабарандагон сабабгоранд, ки қоидаи нигоҳдорӣ ва истифодабарии асъорро риоя намекунанд.

Танҳо дар се моҳи охир ба маблағи 16 миллиону 600 ҳазор сомонӣ асъори миллии фарсуда аз бозори муомилоти Хатлон бароварда шудааст. Шералӣ Зардов раиси бахши Қӯрғонтеппагии Бонки Миллии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки шаҳрвандонро мебояд, ки ҳангоми истифодабарии асъори миллӣ ба тоза нигоҳ доштани он таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Зеро маблағи 16,6 миллион сомонӣ асъори фарсудае, ки дар се моҳ аз бозори муомилот бароварда шудааст, маблағи зиёд буда боз ҳам ин рақами охирин набуда тақрибан 50-60% асъори миллии фарсуда ҳанӯз дар дасти истифодабарандагон аст.

Дар ҳамин ҳол Ҷалил Таваккалов раиси қӯрғонтеппагии «Агроинвестбонк» пешниҳод дошт, ки барои пешгирӣ аз гардиши асъори фарсудаю корношоям бояд аз ҷониби бонкҳо ба чунин асъор тамғаи махсус гузошта шавад ва мардум донанд, ки ин сифат асъор дар гардиши пулӣ манъ аст.

Шералӣ Зардов ба он бовар аст, ки агар ягон аз бонкҳо истеҳсоли ҳамёнҳои махсусро бо эмблемаи бонки худ маблағгузорӣ намояд, метавон мардумро ба тарзи нигоҳдории сифатноки асъор ҷалб намуд.

Дар бобати сифати асъори миллӣ мутахассисони соҳаи бонкдорӣ иброз медоранд, ки дар нисбати асъори як қатор давлатҳо сифатнокии қоғази асъори тоҷикӣ беҳтар аст. Аммо бармаҳал корношоям гаштани асъори тоҷикӣ ин дар муомилот зиёд истифода бурдани он аст. Мисоли дар Олмон танҳо 23% асъор миллӣ дар муомилот буда, боқи 77% он тариқи технологияи муосир гардиш мехӯрад. Яъне мардум пулро дар ҷайб нигоҳ надошта, тамоми хариду фурӯшро тариқи суратҳисобҳои электронӣ амалӣ менамоянд. Ҳамчунин дар бештар аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мардум асъори худро дар ҳамён (кошелок) нигоҳ медоранд. Аммо дар кишвари мо қариб 100 фисади асъор аз даст ба даст гардиш мехӯрад, ки ин тарзи истифодабарии пул сифати онро коҳиш медиҳад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97