Сатҳи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонон роҳбарияти раёсати кор бо ҷавонон ва саёҳии вилояти Хатлонро қонеъ кунонида наметавонад. Рустам Насриддинов муовини сардори раёсати мазкур иброз медорад, ки дар Хатлон ҳамагӣ 1015 нафар ҷавонон вазифаҳои роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонию дигар сохторҳоро ишғол намуда, дар вазифаҳои роҳбарии мақомоти давлатӣ ҳудуди 100 нафарро ташкил медиҳаду халос. Ин теъдод кадрҳо ҳамагӣ мудирони бахши кор бо ҷавонон ва бахше соҳаҳои дигарро ташкил медиҳад, аммо дар вазифаҳои раиси ноҳия, роҳбарии бонку сохтору соҳаҳои муҳими давлатӣ ягон нафар ҷавонон вазифаҳои роҳбарикунандаро ба ӯҳда надоранд.
Ин дар ҳолест, ки зиёда аз 40 ҳазор аъзоёни бахши Хатлонии Ҳизби ҳукмронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Курсиҳои маҷлиси вакилони халқи вилоятро ҳамагӣ 2 нафар ҷавонони то 40 сола ишғол мекунанд. Аммо агар мутобиқи низомнома, ки дар он синни ҷавонон аз 14 то 30 гуфта шудааст, ба инобат гирем, дар сатҳи вилоят аз ҳисоби ҷавонон ягон нафар вакили вилоятӣ нестанд.
Дар бобати он ки раис ҷумҳур дар паёми имрӯзааш аз дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ эрод гирифтааст, Рустам Насриддинов мегӯяд ин дар вилояти Хатлон сахт тааллуқ дорад. Бубинед, ки дар ноҳияи Қубодиён аз сабаби дастгирӣ наёфтани ҷавонон 6 моҳ боз бахши кор бо ҷавонони ноҳия бероҳбар аст.
Сабаби камфаъолии ҷононро дар вазифаҳои роҳбарӣ аз як ҷиҳат дастгирӣ наёфтан аз ҷониби баъзе мақомотҳо бошад аз ҷониби дигар таъсири ҳаводиси солҳои 1990-ум мебошад, ки лашкари ҳангуфти ҷавонон аз илму дониш дар канор монда буданд.
Дар баробари ин мегӯяд Рустам Насриддинов тибқи дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кадрҳои ҷавон дар маҳалҳо аз баъзе имтиёзҳо аз қабили қарзи ипотекӣ, таъмини шароит барои кору зисту зиндагонӣ бархурдор бошанд. Аммо бо сабабҳои гуногун ин қарору санадҳо иҷро намегарданд.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН