ҲНИТ номзадашро бозпас хонд

Хабари хуб 20.04.2011 17:53

Said_Ibrohimi_NazarБозпас хондани номзадии Сайидиброҳими Назар - муовини раиси ин ҳизб, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси Раёсати ҲНИТ дар ноҳияи Сино баррасӣ шуд.

Рӯзи 20 апрел дар қароргоҳи Раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе конфронси ғайринавбатии ҲНИТ баргузор шуд.

Вакилони конфронс қарор қабул карданд, ки номзади худро аз ҳавзаи Сино-4 бозпас бигиранд. Сафаралӣ Оев - раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои пойтахт сабаби бозпас хондани номзадии намояндаи ҳизбашонро чунин ташреҳ кард: "Шарти мо аз ҳавзаи интихоботии Сино-4 ин буд, ки аъзои ҳизби моро дар участкаҳои интихоботӣ ба қайд бигиранд, вале онҳо рад карданд. Аз ин рӯ, мо ба ин қарор омадем, ки аз номзадиамон дар ин интихобот даст бикашем. Аз сӯи дигар, ба қайдгирии номзади мо дар рӯйхати номзадҳо бе иштироки мо сурат гирифтааст. Зеро рӯзи 15 апрел, ки ман ҳамчун раиси ситод дар ҷаласаи ҳавза иштирок доштам, то соати нӯҳи бегоҳи ҳамон рӯз ин масъала кашол ёфт ва ҳеч қароре қабул нашуд. Ман ба унвони намояндаи ҳизб дар тӯли рӯз талаб мекардам, ки ҳавза қарори худро барорад, танҳо дар он сурат мо метавонем тасмим бигирем. Онҳо рӯзи 16-уми апрел бе иштироки мо ҷаласа ташкил карда, номзади моро ба қайд гирифтанд. Мо ҳам имрӯз конфронси ғайринавбатӣ доир карда қарор кардем, ки номзадии Сайдиброҳими Назар аз ҳавзаи Сино-4 бозпас гирифта шавад".

Дар бораи он ки дар интихоботи мазкур ҷонибдорони ҲНИТ аз кадом номзад пуштибонӣ хоҳанд кард, Муҳаммад Нурӣ - раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "мо ҳанӯз роҷеъ ба ин масъала ягон тасмими ҷиддӣ нагирифтаем ва ҳоло барои ин кор фурсат дорем. То рӯзҳои баргузории интихобот, ё ба ҷонибдории яке аз номзадҳоро эълон мекунем ва ё интихоботро байкот хоҳем кард".

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97