Президент: Хушксолии сахт дар пеш аст

Хабари хуб 20.04.2011 17:06

RAHMON_EРаиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи чаҳоршанбеи 20 апрел дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвар хостори кам кардани теъдод ва навъҳои андоз шуд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ин амр метавонад ба рушди соҳибкорию бахши хусусӣ ва таъмини моли ватанӣ дар бозори хусусӣ мусоидат кунад. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳудуди 90 дар сади мол ва маводди ғизоии бозори дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар тафтиш ё бозрасии фаъолияти тоҷирону соҳибкорони ватанӣ, ки корхонаҳои тавлидотӣ бунёд мекунанд, барои се сол моратория эълом шавад. Ӯ афзуд, ки рушди бахши хусусӣ ба таъмини моли ватанӣ дар бозори дохилӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва афзоиши мизони моли содиротӣ кӯмак хоҳад кард.

Бояд гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон 13 навъи андоз вуҷуд дорад, ки ба эътиқоди коршиносон, аз тавсеъаи соҳибкорӣ ва рушди корхонаҳои хурду миёна монеъ эҷод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳушдор дод, ки мумкин аст дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон хушксолие рух диҳад, ки аз даҳаи 1930 то ба ҳол собиқа надоштааст. Аз ин лиҳоз, вай мақомоти зидахлро дастур дод, ки нирӯи барқро барои истгоҳҳои обкашӣ таъмин кунанд ва ба ин тартиб, заминҳои кишоварзиро шодоб созанд. Ӯ гуфт: "Ман худам бо чархбол бар фарози кӯҳҳо гаштам ва дидам, ки воқеъан захираи барф кам аст."

Дар соли 2000 барои аввалин бор паёми Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси Маҷлиси миллии кишвар садо дода ва аз он замон то ба ҳол ҳамасола паёми раиси ҷумҳурӣ ба порлумон ироа мешавад.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97