Баррасии шикояти "Миллат" дар додгоҳи шаҳрӣ

Хабари хуб 20.04.2011 09:00
Sudi_shahriДодгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 апрел ба баррасии даъвои кассатсионии нашрияи "Миллат" аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғоз кард.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки баррасии қазияи миёни Вазорати кишоварзӣ ва нашрияи "Миллат"-ро ба ӯҳда дошт, нашрияро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ба ин вазорат ва нашри раддия вазифадор кардааст.
Аммо ҷониби нашрия ин ҳалномаро ғайриқонунӣ ва ноодилона шумурда, рӯзи 18 март ба додгоҳи шаҳрӣ шикояти кассатсионӣ бурд.
Коллегияи суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ ҷониби даъвогарро шунид ва идомаи мурофиаро ба рӯзи панҷшанбе, 21 апрел во гузошт.
Қазияи мазкур, аз моҳи феврали соли 2010 то инҷониб идома дорад.
Зимнан, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2009 дар робита ба як матлаби нашркардаи ҳафтаномаи "Миллат" ба додгоҳ шикоят бурда, 1 миллион сомонӣ ё баробар ба беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ товон хоста буд.
"Миллат" низ дар навбати худ аз болои Вазорати кишоварзӣ ба додгоҳи Фирдавсӣ шикояти мутақобил бурда, бо назардошти мушкилоти мавҷудаи сохторҳои давлатӣ хостори пардохти 1 сомонӣ ҷарима аз сӯи вазорати кишоварзӣ шуда буд.
Хабари баҳсбарангези нашршуда дар "Миллат" бо такя ба номаи ахборотии раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Сайдулло Хайруллоев, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон нашр шуда буд, ва бар асоси банди 36-и "Қонуни матбуоти Тоҷикистон" барои нақли қавли мақомоти расмӣ нашрия посухгӯ намебошад.
Ҳамчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дурустии ин хабарро дар якчанд нишасти хабарӣ, аз ҷумла рӯзи 25 январи соли 2011 бори дигар тасдиқ кардааст.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97