Гирдбод дар ИМА

Хабари хуб 18.04.2011 17:13

GirdbodДар ИМА гирдбод ва тӯфонҳои шадид хисороти зиёди моливу ҷонӣ ворид намудаанд. Бино бар хабаргузории «lenta.ru» то таърихи 17 апрел наздик ба 45 нафар ҷони худро аз даст додааст. Ба гуфтаи ин расона танҳо дар Каролинаи Шимолӣ 16 апрел беш аз 62 гирдбод сар зад, ки боиси марги 21 нафар гардид. Дар ин зимн,Беверли Пердю, губернатори Каролинаи Шимолӣ, вазъияти фавқуллода эълом намудааст.

Силсилагирдбодҳо рӯзи 14 апрел аз қисмати шарқии ИМА аз штати Оклоҳума шурӯъ гардида, баъдан ба иёлотҳои Арканзас, Миссисипи, Алабумо, Каролинаи Шимолӣ ва Вирҷниё паҳн гардид. Дар натиҷаи он биноҳои зиёди маъмурӣ, истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо хароб гаштаанд. Ҳамчунин хатҳои барқ низ хароб гардиданд. Танҳо дар иёлоти Каролинаи Шимолӣ 250 ҳазор нафар сокинони аз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бе барқ мондаанд. Оҷонсии итилоотии «Associated Press» хабар додаст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 250 гирдбод ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки ин вазъият боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт. Мутахассисон гуфтаанд, ки чунин гирдбодҳои даҳшатнок дар ИМА давоми солҳои ахир бе собиқаанд. Дар Каролинаи Шимолӣ соли 1984 низ чунин туфоне рӯй дода буд, ки беш аз 42 нафар кушта шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97