Ҷинояти иқтисодии хизматчии ҳарбӣ ба суд ирсол шуд

Хабари хуб 15.04.2011 17:32

Somonihoi_duzdiАгентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи марбут ба ҷинояти иқтисодӣ нисбат ба сардори молияи як қисми ҳарбии сарраёсати қушунҳои ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро барои моҳиятан дида баромадан ба суди ҳарби ирсол намуд.

Чуноне, ки зимни нишасти матбуоти судяи ҳарбии гарнизони Хатлон Т. Искандаров иттилоъ дод, сардори шӯъбаи молияи қисми ҳарбӣ бо истифода аз мақоми ҳизматии худ 240 ҳазор сомонӣ маблағҳои барои қисми ҳарбӣ ҷудо кардашударо тассаруф намуда ба фоидаи худ сарф намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ ин ҷиноияти иқтисодиро Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор намуда, парвандаи ҷиноятӣ кушода буд. Баъди аз ҷониби Агентии мазкур ба итмом расонидани парванда он барои моҳиятан дида баромадан ба суди ҳарбӣ ирсол шудааст.

Тибқи иттилои судяи ҳарбии гарнизони Хатлон Айни ҳол зарари ба давлат расонидашуда, ки 240 ҳазор сомониро ташкил медод, пурра барқарор карда шудааст. Аз рӯи тағйироту иловаҳое, ки дар кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд, дар аксар ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷазои ҷарима муқаррар карда шудааст. Аз ин рӯ судҳо вазифадоранд, ки дар доираи қонунҳои мавриди амал қарор гирифта ҳукми худро бароранд. Айни замон парвандаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97