Бино бар гузориши радиои «Озодӣ» Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва даҳ ҷонибдори ӯ дар як амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд.
Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ ин хабарро тайид накард ва гуфт, ки то ҳанӯз хабари мушаххас дар ин маврид дар даст нест.
Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта алайҳи нирӯҳои Мулло Абдулло амалиёти густардаи худро оғоз карда буданд. Ин амалиёт баъд аз ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камароб оғоз шуд.
Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯши Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи мухолифон вогузор намуданд.
Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, дар соли 1997 шароити созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифонро напазируфт ва ба ҷанги худ идома дод. Аммо баъдтар бино ба хабарҳо ба Афғонистон ва Покистон паноҳанда шуда буд. Шабаҳи ӯ аз ду сол ба ин ҷониб дар шарқи Тоҷикистон гашту гузор дошт.