Бахши русии хабрагузории "Ховар" аз қавли сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ субҳи имрӯз хабар додааст, ки лимити барқ аз пойтахт-шаҳри Душанбе ба тамомӣ бардошта мешавад.
Ҷаноби Ёдгорӣ, гуфтааст, ки бинобар афзоиши об дар дарёи Вахш, сар аз 15-уми апрели соли 2011, интиқоли барқ ба сокинони ҷумҳурӣ афзуда ва дар Душанбешаҳр маҳдудияти барқ ба таври комил бардошта шудааст.
Бинобар иттилои ин манбаъ, аз ин ба баъд аҳолии манотиқи дигари кишвар аз соати 5:00 то 10.00–и субҳ ва аз 17.00 то 22.00 –и шом бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки се ҳафтаи ахир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯҳрони шадиди энержӣ рӯбарӯ буд.