Медведеву Путин ҳар ду президент шудан мехоҳанд ва ё рахнае байни устоду шогирд

Хабари хуб 15.04.2011 10:00

2195920_medvedevДмитрий Медведев, президенти Русия ва Владимир Путин, сарвазири ин кишвар изҳор кардаанд, ки дар интихоботи президентии соли 2012 ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора рӯзи 13 апрел сарвазири Русия дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст. «На ман ва на Дмитрий Анатолевич ширкати хешро дар интихоботи дар пеш истодаи президентии кишвар рад накардаем», - гуфтааст Путин. Ин дар ҳоле буд, ки президент Медведев як рӯз пеш дар сӯҳбат бо хабарнигори телевизиони Чин гуфта буд, ки аз иштирок дар интихоботи президентии соли 2012 даст нахоҳад кашид. Коршиносон ба ин назаранд, ки новобаста аз оне, ки Путин ва Медведев узви як командаанд ва маҳз Путин Медведевро ба арсаи сиёсати калон ва ҷойгоҳи президентӣ расонд, дар рӯзҳои ахир байни онҳо то ҷое фосила эҷод гаштааст. Зеро дар нисбати ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии НАТО ба Либия низ байни ин ду пешвои кунунии кишвари Русия ихтилофе сар зада буд. Аммо Путин гуфтааст, ки дар идора намудани ин кишвари бузург бояд ягон халале ворид нашавад. «Албатта ин тасмим бояд гирифта шавад, вале то интихобот ҳанӯз як соли дигар вақт аст ва ин овозаҳо сабаби ҳалал дар кори раҳбарии кишвар хоҳанд буд», гуфтааст Путин. Инчунин афзудааст, ки дар сурати барангехтани ҳар гуна сару садо бойиси суст гашатани кори масъулони давлатӣ хоҳад буд. Димитрий Песков, котиби матбуотии сарвазири Русия дар мусоҳиба бо радиои "Эхо Москвы» гуфтааст, ки то ба ҳол аниқ наметавон гуфт, ки дар интихоботи ояндаи ин кишвар Путин ва Медведев ҳар ду иштирок хоҳанд кард, ё яке аз инҳо. Зеро то ҳанӯз сарвазир мавқеи ниҳоии худро дар ин самт нагуфтааст. Бояд қайд намуд, ки Дмитрий Медведев, президенти Русия дар мусоҳиба бо телевизиони Чин гуфтааст, ки дар фурсати наздик қарори худ дар бораи иштирок дар интихоботи президентии ин кишвар хоҳад баровард. Ин эъломи нахусти ӯ нест. Зеро Медведев пеш аз ин ҳам 24 июни соли гузашта дар ИМА низ иштироки хешро дар интихоботи ояндаи президентии Русия иброз намуда буд. Ӯ оид ба муносибаташ бо сарвазир Путин гуфтааст, ки дар назди ман ва Путин вазифаи ягона, кӯшиш барои гулгулшукуфии Русия аст, вале шояд назари мо дар роҳҳои расидан ба он гуногунанд». Бино ба гуфтаи коршиносон ин гуфтаҳои Медведевро Путин то ҳол бе ҷавоб гузоштааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97