Зафар Азизов: 103 судя дараҷаи тахассусӣ нагирифт

Хабари хуб 14.04.2011 14:48

Zafar.02154Раиси шӯрои адлия Зафар Азизов, дар як нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2011 иттилоъ дод.

Дар мавриди иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон", Зафар Азизов қайд кард, ки "ҳаллу фасли дурусту саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ки ба дастгоҳи Шӯро ворид мегарданд, зери назорати қатъӣ ва доимии роҳбарияти Шӯрои адлия қарор дорад".

Тибқи иттилоъи ҷаноби Азизов, "дар семоҳаи сипаришуда ба дастгоҳи Шӯрои адлия 670 адад маводҳои иҷроишӣ ва арзу шикоятҳо ворид шудааст, ки бевосита аз шаҳрвандон 249 ададро ташкил медиҳад. Инчунин аз тарафи роҳбарияти Шӯрои адлия дар ин семоҳа 139 шаҳрвандон қабул шуда, ки бо шунидани арзу шикоятҳо аксарияти мушкилоти онҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ба таври таъҷилӣ ҳаллу фасл карда шудааст".

Дар мавриди вокуниш ба маводҳои даъвогие, ки дар ин семоҳа дар матбуот чоп шудааст, ҷаноби Азизов гуфт, "дар воситаҳои ахбори омма 8 мавод чоп шудааст, ки ба 3 мавод ҷавоб ирсол гардида, 5 маводи дигар дар ҳолати баррасӣ қарор доранд".

Дар семоҳаи сипаригашта оид ба вайрон кардани Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" раиси Шӯрои адлия иброз намуд, ки "нисбати 35 ашхос мавод оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ворид гардидааст, ки дар натиҷа 33 ашхос ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар маҷмӯъ нисбати онҳо 112350 сомонӣ ҷарима муайян карда шуд".

Ҷаноби Азизов аз мавриди камбудиҳо дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ, ба монанди саривақт тайёр накардан ва ба тарафҳо насупоридани қарорҳои судӣ, дар муҳлати муқараршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳои судӣ ва омода накардани протоколҳои маҷлиси судӣ ёдрас шуда инчунин қайд намуд, ки "бинобар сабаби дар фаъолияти кориашон ба камбудиҳо роҳ додан ва дуруст ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кормандони худ 103 нафар судяҳо ба гирифтани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод нагардиданд. Инчунин барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти кориашон бо қарори Коллегияи тахассусии судяҳои назди Шӯрои адлия нисбати 12 нафар судяҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, фаъолияти 40 нафар судяҳо бошад дар дастгоҳи Шӯрои адлия муҳокима ва дар ин бора протокол тартиб дода шудааст".

Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, инчунин аз даст доштани як судя дар ришваситонӣ дар семоҳаи аввали соли 2011 низ ёдовар шуд.

Умари Давлат

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97