Нусратулло Салимов: Ба табобати пулакӣ мегузарем

Хабари хуб 13.04.2011 18:44

NusratulloНусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни баргузории як нишасти хабарӣ дар посух ба ин суол, ки «Оё дар Тоҷикистон табобати пулакӣ роҳандозӣ шудааст, ё не» гуфт, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти фармони 600 доир ба хидматрасонии пулакӣ фаъолияти беморхонаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар мадди аввал як қатор ташхисгоҳҳову бахшҳои ёрирасон пулакӣ шуда, шумораашон рӯз то рӯз зиёд мешавад. Ба гуфтаи вазир дар тамоми дунё фаъолиятҳои тиббӣ дар ҳамин самт сурат мегиранд. Дар ин ҳол афзуд вазир, гурӯҳҳои соҳибимтиёз метавонанд аз имтиёзҳои худ истифода бубаранд.

Вазири тандурустӣ дар мавриди пешгирии бемории ҷоғар дар кишвар гуфт, корхонаҳое, ки маҳсулоташонро йоднок намекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва вазорати зери назари ӯ, дар ин маврид лоиҳае ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин вазир изҳор дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд, ки ин яке аз мушкилиҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Нусратулло Салимов ҳамчунин гуфт: «Мо огоҳ шудем, ки дар ноҳияи Восеъ 30-40 фирма намак мебарорад ва дар маҳсулотҳояшон навишта шудааст, ки йоднокшуда, аммо ҳеч кадоме аз онҳо йод надорад, аз ин рӯ зарур аст, нисбати ингуна фаъолиятҳои машкук, чора андешида шавад”.

Вазири тандурустии кишвар, аз унвони матолибе, ки дар матбуоти даврӣ дар бораи бемории сил ва хатароти паҳншавии он нашр шудаанд, изҳори нороҳатӣ кард ва аз хабарнигорон даъват кард, ки барои пешгирии ин гунна бемориҳо мо бояд бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошем ва «аз рӯйи виҷдон нависед».

Мо омодаем, ки ҳамроҳи вазири мӯҳтарами тандурустӣ аз минтақаи силзада дар вилояти Хатлон боздид кунем ва аз рӯйи виҷдон онро нашр намоем. Мунтазири даъвати вазири мӯҳтарам ҳастем ва бовар дорем, ки дар ин амри хайр вазирро дигар ҳампешагони мо ҳамраҳӣ хоҳанд кард.

Ниҳонии Қадам

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97