Ҳамкориҳои Фаронса бо мо рӯ ба тавсеа дорад

Хабари хуб 12.04.2011 18:11

Faronsa_va_TojikШукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арии Зиппер де Фабианӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон имрӯз 12 апрел дидор кард.

Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, дар ҷараёни мулоқот мавзӯъоти гуногунсоҳаи миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар арсаҳои мухталифро аз масъалаҳои муҳими мулоқоти имрӯза арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ шароити мусоид ва фазои муносиб барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байниҳамдигариро дар кишварҳои худ ба вуҷуд овардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Париж дар соҳаҳои мухталиф гардад. Ба гуфтаи ӯ, парлумони касбии кишвари мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад.

Шукурҷон Зуҳуров саҳми мутахассисони фаронсавиро дар таъмиру азнавсозии терминали нави Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуда, аз раванди муносиботи ду кишвар дар ин замина иброи ризоият намудааст.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳамчун сафир ва намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Париж ва Душанбе истифода хоҳад кард.

Анри Зиппер де Фабианӣ зимни муаррифии зарфиятҳои кишвараш таъкид намудааст, ки Ҷумҳурии Фаронса кишвари саноатӣ-аграрӣ мебошад ва дар саноати мошинсозӣ, радиоэлектротехникӣ, кимиё, ҳавопаймосозӣ, информатика, киштисозӣ, металлургӣ, барқи атомӣ ва саноати куҳӣ, инчунин истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоту технологияи муосир яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва туризм низ дар ҷумҳурии мо тараққӣ ёфтааст.

Мавсуф изҳор дошта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар заминаҳои ҷалби сармояи Фаронса ба соҳаҳои гидроэнергетика, электротехникӣ, кишоварзӣ, туризм, коркарди захираҳои маъдании кишвар бо Ҷумҳурии Фаронса ҳамкорӣ дошта бошад.

Дипломати фаронсавӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҳафтаи оянда як гурӯҳ сенаторҳои Фаронса ба Тоҷикистон меоянд. Дар доираи ҳамкориҳои парлумонӣ онҳо аз парлумони Тоҷикистон дидан намуда, бо роҳбарияти он мулоқот менамоянд. Ҳамчунин ахирҳои моҳи май дар шаҳри Брюсел мизи мудаввар доир мегардад, ки панҷ нафар вакилони Тоҷикистони метавонанд дар он ширкат варзанд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97