Имрӯз нисбат ба 7 нафар сокинони ноҳияҳои Вахш ва дигар навоҳии ҷануби Хатлон, ки дар гузашта ба гурӯҳҳои Ёқуб Салимов дохил мешуданд, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Дар ин бора Фаридун Миров сардори шӯъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсуси прокуратураи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ ин теъдод шаҳрвандон ба гуруҳҳои Ёқуб Салимов ва Маҳмуд Худойбердиев шомил гардида, дар ҳодисаҳои ҳуҷум ба шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Хатлон Юсуфҷон Юсуфзода гумонбаршудагон, ки қаблан ба гурӯҳи Ёқуб Салимов шомил буданд, соли 1998 ба гурӯхи Маҳмуд Худойбердиев гузашта, якчанд муддат дар кишварҳои Узбакистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тайёрии ҳарбӣ дида, дар ноябри соли 1998 дар ҳуҷуми мусалаҳона ба вилояти Суғд иштирок кардаанд. Онҳо баъди шикаст дар Суғд бозпас ба хонаҳои худбаргашта, дар ин миён якчанд муддат аз кишвар баромада, гӯё ба Федератсияи Руссия ба мардикорӣ мерафтаанд.
Гуфта мешавад, ки ин нафарон бо ҷурми иштирок дар ҳуҷуми мусаллаҳона ба вилояти Суғд боздошт ва нисбаташон парванда кушода шудааст.
Аз руи маълумотҳои ба даст омада, нисбат ба ин 7 нафар шаҳрвандон дар таърихи 20 январи соли ҷорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аз ҷониби мақомоти дахлдор дастгир шудаанд.
Ҷамоллидин УСМОНИЁН