Қаззофӣ сулҳ мехоҳад?

Хабари хуб 11.04.2011 14:04

QaZZofIМуаммар Каззофӣ раҳбари Либия, пешниҳоди намояндагони «Иттиҳоди Африқо»-ро дар бори ором намудани мухолифатҳо дар ин кишвар, қабул намуд. Ҷекобо Зуму, президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки ин ҳайятро сарварӣ мекунад ба хабаргузории «Europe1» ин хабарро додаст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ намояндагони иттиҳод субҳи имрӯз ба шаҳри Бенғозӣ сафар намудаанд. Онҳо ният доранд, ки бо сарони мухолифини Либия барои ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар гуфтушунид намоянд. Ин гурӯҳ дар ҳайати панҷ кишвар: Африқои Ҷанубӣ, Мавритания, Конго, Малӣ ва Уганда барои миёнаравӣ байни ҳукумати Либиё ва мухолифини он рӯзи 10 апрел вориди Троблис – пойтахти ин кишвар шуданд. Иттиҳодияи Африқо пештар ҳам бар «поён ёфтани хушунатҳо» дар Либия эълом карда буданд, ки пешниҳоди онҳо барои берун шудан аз ҷанг, сурат гирифтани як қатор ислоҳот дар ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки мухолифин таъкид кардаанд, ки то замоне Муаммар Қаззофӣ ва писаронаш қудратро дар даст доранд, бо оташбас мувофиқат нахоҳанд кард. Бо ин ҳол амалиёт, дар Либия ҳамчунон идома дорад ва фармондеҳи ин амалиёт дар Либия рӯзи якшанбе эълом кард, ки 20 танки тарафдорони Қаззофиро дар атрофи шаҳри Мисрота аз байн бурдаанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳамлаҳои ҳавоии зидди нерӯҳои ҳукумати Либия ба мақасди муҳофизат аз сокинони Мисрота ва Аҷдабия идома дорад. «Итиҳоди Африқо» ягона ташкилотест, ки аз нишасти Париж дар бораи ҳамла ба Либиё даст кашида буд. Ин иттиҳод амалиёти ҳарбии эътилофи байналмиллалии бар зидди Либиёро аз рӯзи аввали саршавӣ маҳкум карда буд.
Тавре расонаҳои хабар доданд, тазоҳурот бар зидди давлати Либия ҳанӯз аз 15 феврали соли ҷорӣ идома доранд. Дар натиҷа мардуми ин кишвар ба ду гурӯҳ тақсим шуда, қисмати ғарбӣ аз Қаззофӣ пуштибонӣ намуда, қисмати шарқии он бар хилофи он бархостаанд. Тай ду моҳи задухурдҳо беш аз 10 ҳазор нафар мардуми он кушта ва то 500 ҳазор нафар кишварро тарк намудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97