Фаронса пӯшидани ниқоби исломиро манъ кард

Хабари хуб 11.04.2011 11:51

82468Niqab10Дар Фаронса аз имрӯз пӯшидани ниқоб ва бурқа мамнӯъ аст, зеро қонун дар мавриди манъи пӯшидани ин навъи либоси исломӣ ҳукми иҷро гирифт.

Бо ин Фаронса нахустин кишвари Аврупо шуд, ки пӯшидани ниқоб дар маконҳои умумиро мамнӯъ мекунад. Онҳое, ки қонунро риоят намекунанд, 150 евро ҷарима хоҳанд шуд ва ё курсҳои рафтор дар Фаронсаро хоҳанд омӯхт. Мардоне, ки занонро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мекунанд, ҷарима ва ё ба зиндон маҳкум мешаванд.

Ҷомеаи Фаронса аз ин қонун ҳимоят мекунад, вале мунтақидон мегӯянд, чунин қонун мухолифи озодии эътиқод аст ва ноодилона мусулмононро ҳадаф мегирад. Дар Фаронса шаш миллион нафар мусулмон ба сар мебаранд, ки аксарияташон аз кишварҳои африқоӣ ҳастанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97