НАТО аз иштибоҳаш дар Брега ибрози таассуф кард

Хабари хуб 09.04.2011 11:11

LibiaПаймони низомии НАТО рӯзи ҷумъа аз талафоти ҷонӣ бар асари ҳамлаи иштибоҳии ҳавопаймоҳои он ба шӯришиёни Либия ибрози таассуф кард, вале барои ин иштибоҳаш маъзарат нахост. Бар асари ҳамла ба як тонки шӯришиён дар наздикии шаҳри нафтии Брега дар рӯзи 7- уми апрел дасти кам ду шӯришӣ кушта шуданд.

Адмирал Рассел Ҳардинг, рӯзи ҷумъа дар ин бора гуфт: "Ман маъзарат намехоҳам. Он гуна ки гуфтам, вазъ дар маҳал бисёр печида буд ва бисёр печида боқӣ мемонад ва то дирӯз мо ҳеҷ иттиъоле надоштем, ки шӯришиён ва ё нерӯҳои мухолифин аз танкҳо истифода мекунанд".

Аммо баъди ин Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО бо нашрия баёнияе аз талафоти ҷонӣ дар ин ҳодисаи ба гуфтаи ӯ “бисёр таассуфбор” ибрози тааасуф кард. Ва айни замон шӯришиёни Либия аз тарҳи сулҳи пешниҳодии Туркия истиқбол карданд, ки созиши оташбас ва хуруҷи нирӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шаҳрҳои муҳосирашуда дар ғарби кишварро пешбинӣ мекунад.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97