Бино ба гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи инсон ва шоҳидони айнӣ дар чандин шаҳри Сурия, аз ҷумла ҳошияҳои шаҳри Димишқ пойтахт, тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар шаҳри ҷанубии Даръо бархӯрди шадиде ба вуқӯъ пайвастааст. Бар асоси гузоришҳои таъйидношуда дар ин даргирӣ се нафар кушта шудаанд. Шаҳри Даръо дар ҳафтаҳои гузашта саҳнаи аслии тазоҳуротҳои хушунатбори зиддидавлатӣ буд. Аз ҳошияи шаҳри Димишқ дар маҳалли Ҳарасто садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Дар шаҳри Ҳумс ва минтақаҳои курднишини Сурия низ тазоҳурот сурат гирифтааст.