Мулоқоти раиси шаҳр бо мардуми кӯчонидашуда

Хабари хуб 07.04.2011 18:58

Ubaidullaev7 апрели соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо 228 нафар соҳибмулк – собиқ истиқоматкунандагони кӯчаи Тахмос, атрофи фарогири мавзеи иншооти «Наврӯзгоҳи пойтахт», ки қитъаи замини онҳо барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта, манзили истиқоматиашон бартараф карда шудаанд, баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳр, Шавкат Саидов ба «Миллат» хабар дод, ки зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар сипосмандии хешро ба ҳар кадоми онҳо, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷараёни ободонии шаҳр саҳм гузоштанд, иброз намуда, ба кулли соҳибмулкон, ки феълан дар ҳуҷраҳои баробарарзиши аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ ҷудогардида истиқомат доранд кӯмаки молиявии якдафъина ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ расонид.

Ҳамзамон Раиси шаҳр бо расонидани кӯмаки молиявӣ аз онҳо даъват ба миён овард, ки дар нигоҳубин ва истифодаи ҳуҷраҳои хусусӣ бо таъсиси ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва риояи одоби баланди шаҳрдорӣ тавассути иштирок дар маъракаҳои ободонии маҳал ва шаҳр нақши муассир гузоранд, гуфт ҳамин манбаъ.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97