Муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор дар Маскав ҳалок гардид

Хабари хуб 07.04.2011 17:58

2cd18099c16ca94972641bbab360988ab56bc0c5Тибқи иттилои сомонаи «Озодӣ» ки мақомоти Русия изҳор доштааст, бар асари оташсӯзӣ дар як анборе дар шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор вйетнамӣ ҳалок шудаанд.

Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе 6 - уми апрел дар анборе дар шарқи Маскав сурат гирифтааст ва мақомоти тафтишотии Русия сабабҳои онро пажӯҳиш мекунанд. Ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз ташхис нашудааст. Дар Русия таври маълум садҳо ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва солона садҳо нафар ҳам дар тасодуфҳо кушта мешаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97