Ин барои аввалин бор нест ва шояд барои охирин ҳам набошад
Бино ба иттилои хабаргузории "Азия плюс" рӯзи сешанбе 5 апрел, Фаррух Мухторови 17 сола, хонандаи синфи 11 лисеи тоҷикӣ-туркӣ, Умед Аминови 17 сола, хонандаи синфи 11 мактаби ҳамагонии №9 ва Фарҳод Субҳонқулов, донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба бародарон Холматовҳо, ки яке 19 ва дигаре 20 сол дошта, донишҷӯи Донишгоҳи мазкур будаанд, латукӯб кардаанд.
Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки ба ҳангоми задухурд, ҳуҷумгарон аз кор истифода бурдаанд, ки дар натиҷа харду бародар захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Яке аз бародарон ҷароҳати сахт бардошта, дар ҳолати вахим қарор дорад. Бародари дигар низ кӯмаки аввалияи тиббӣ гирифта дар яке аз бемористонҳо бистарист.
Гунаҳкорони ин ҳодиса фавран дастгир шудаанд. Ва парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ин қазия кушода шудааст.