Номзадҳо сабти ном шуданд, ҲНИТ эътироз кард

Хабари хуб 05.04.2011 16:07

Saidibrohimi_NazarСаидиброҳими Назар аз ворид нашудани аъзои ҲНИТ ба ҳайъати кумиссюнҳои раъйшуморӣ эътироз кард.

Ҳамин тавр, аз панҷ номзади муаррифишуда барои ширкат дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи "Сино"-и шаҳри Душанбе, чаҳор нафари онҳо сабти ном гардида, шаҳодатаномаи сабтиномро дарёфт карданд.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии "Сино", рӯзи 5-уми апрел дар қароргоҳи ин ҳавза ба Амриқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ ва Толибшоҳи Саидзода, сардабири нашрияи "Миллат" ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба таври худпешбарӣ номзад шудаанд, шаҳодатномаҳои сабтиноми номзадро супорид.

Nomzadho_0124Аммо Саидироҳими Назар, узви раёсат ва шӯрои олии ҲНИТ, ки яке дигар аз номзадҳо барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино" аст, қабл аз супоридани шаҳодатномаҳо ба амалкарди ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ворид кардани намояндагони ин ҳизб ба ҳайъати участкаҳо ва ё марказҳои раъйшуморӣ худдорӣ кардааст, эътироз намуда, ҳавзаро тарк гуфт.

Ҷаноби Назар, ки номаи эътирозии худро ба Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботӣ супорид, гуфт, "ба унвони номзади пешбаришуда аз ҲНИТ, то он замоне ки намояндагони онҳо дар участкаҳои интихоботӣ шомил карда намешаванд, ҳавза ӯро сабти ном накунад. Агар намояндагони ҳизби мо вориди ин ҳайъат шаванд, метавонам сабтином шавам ва муборизаро идома диҳам. Чун масъулони ҳавза мегӯянд, фаъолият бар асоси қонун сурат мегирад. То 15 апрел агар ин пешниҳод мавриди қабул сурат бигирад, пас ман метавонам номзад бошам." 

Аммо Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии "Сино" гуфт, "дар воқеъ қаблан ҲНИТ феҳрастеро дар ин замина пешниҳод карда буд. Аммо ҳеҷ як ҳизби сиёсии дигар ва ҳатто номзадҳои худпешбарӣ ин гуна пешниҳодоте накарданд. Дар қонун дар мавриди шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати кумиссюни участкаҳо чизе гуфта нашудааст. Ин гуна таҷриба низ то ҳол вуҷуд надошт."
Ҳамзамон ҷаноби Ҳабибов гуфт, ин масъала, яъне сабтиноми Саидиброҳими Назар, номзади ҲНИТ, барои ширкат дар интихоботи миёндавраии "Сино" мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар зимн, ҳавзаи интихоботии "Сино-4" дорои 48 участкаи интихоботӣ буда, ҳудуди 70 ҳазор интихобкунанда дорад.  

Хуршеди Ҳамдам, "Озодӣ"

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97