Шоҳзода Амин Оғохон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Хабари хуб 05.04.2011 13:24

Шоҳзода Амин Оғохон, бародари хурдии Волоҳазрат Оғохон - асосгузор ва Раиси Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН) 5 апрели соли 2011 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Шоҳзода Амин Оғохон дар рафти сафари худ бо пешравии лоиҳаҳои АКДН, аз ҷумла Меҳмонхонаи Серена Душанбе шинос хоҳад шуд.

Шоҳзода Амин  узви Шӯрои Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЕД) ва Раиси Кумитаи иҷроияи он мебошад. АКФЕД бахши Рушди иқтисодии АКДН буда, ташаббускор ва пешбарандаи  фаъолияти соҳаи рушди иқтисодии кишварҳои Африқо ва Осиё ба шумор меравад. Шоҳзода Амин дар ахири солҳои 1960 - ум Хадамоти рушди  туризм (Туризм Промоушен Сервисез) - ро ташкил дод, ки феълан шабакаи коттеҷҳо, курортҳо ва меҳмонхонаҳоро идора мекунад. Онҳо таҳти бренди «Серена» дар кишварҳои ба монанди Афғонистон, Кения, Мозамбик, Покистон, Руанда, Тоҷикистон, Танзания, Уганда ва Занзибар фаъолият доранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97