Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 4 апрели соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, масъала дар хусуси Мувофиқатнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар бораи роҳ надодан ба андозситонии дукарата ва ҷилавгирии канораҷӯӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба «Миллат» иттилоъ дод, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷум ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти сирри давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидмати давлатӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.