20 нафар кормандони СММ дар Мазори Шариф кушта шуданд

Хабари хуб 02.04.2011 15:53

74910F97-4960-4704-9E5E-BBD3CB3852A2_mw800_mh600_sБар пояи гузоришҳои хабаргузории Рейтер, рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар эътироз ба сӯзонида шудани Қуръони карим ба дасти Терри Ҷонс, попи ифротии амрикоӣ дар моҳи март, дар Мазори Шариф ба дафтари СММ ҳамла карданд ва наздик ба 20 нафар кормандони онро ба қатл расониданд.

 Бар пояи ин гузориш, ҳангоме эътирозкунандагон ба дохили дафтари СММ роҳ ёфтанд, сари ду нафар аз коркунони хориҷиро низ буриданд.

 Ба гуфтаи сухангӯи пулис дар шимоли Афғонистон, Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, дастикам ҳашт хориҷӣ дар миёни кушташудагон будаанд. Ин гузориш меафзояд, аз эътирозгарон низ панҷ нафар кушта ва наздик ба 20 тан ҳам захмӣ шудаанд.

 Лаълмуҳаммад Аҳмадзай дар ин бора гуфтааст: «Дар ҷамъи тазоҳуркунандагон, теъдоде аз авбош ҳузур доштанд, ки ба дафтари СММ ҳуҷум бурданд ва ҳашт корманди хориҷиро куштанд, ду тан аз онҳоро сар буриданд ва як тан аз онҳоро маҷруҳ карданд. Яке аз кушташудагон зан аст.»

 Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, бо судури баёнияе ҳамла ба дафтари СММ-ро ба шиддат маҳкум ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониён эълом карда дастур додаст, то омилони ин қазияро шиносоӣ намуда ва ба дасти қонун бисупоранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97