Қаззофӣ роҳи гурез меҷӯяд?

Хабари хуб 01.04.2011 17:24

7659827_1194441852_kaddafiБино ба хабарҳои матбуоти Британия, фиристодаи Муаммар Қаззофӣ дар Лондон қарор дорад, то дар бораи роҳҳои хуруҷи стротегии Қаззофӣ музокироти махфӣ анҷом диҳад.

Бино ба гузоришҳо, Муҳаммад Исмоил аз дӯстони Сайф ул Ислом-писари Қаззофӣ дар ҷараёни боздиди ахири худ аз Лондон бо мақомоти расмии Британия музокира анҷом додааст. Вале вазорати корҳои хориҷии Британия ин хабарро таъйид накардааст. Ин хабарро чанд нафар аз мақомоти баландпояи давлати Қаззофӣ пахш кардаанд, ки аз давлати Қаззофӣ баромадаанд. Мусо Кусо-вазири корҳои хориҷии Либия яке аз ин мақомоти баландпоя аст, ки рӯзи чаҳоршанбе ба Британия фирор кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97