Бозгашти шаҳрвандони тоҷик аз Либия ба Маскав

Хабари хуб 31.03.2011 14:41

Donishju_02Субҳи 31- уми марти соли равон тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия 6 тан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо шаҳрвандони чанд кишвари дигар, аз Тунис (ибтидо, 30 март онҳо тавассути автобус аз ш. Триполи ба ш. Ҷербаи Тунис омадаанд) ба Москав оварда шуданд. Онҳоро дар фурӯдгоҳи «Домодедово»-и ш. Маскав кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Пас аз субҳона дар Сафорат, онҳоро ҷаноби сафир Абдулмаҷид Достиев сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия ба ҳузур пазируфт.

Онҳо ҳама донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии исломии ш. Триполии Либия буда, мушаххасоти онҳо чунин аст:

1.Кароматулло Сайдуллоевич Шарипов, с.т. 1983, донишҷӯи курси дуюми факултаи забони арабӣ

  2. Бузургмеҳр Ҳабибқулович Сатторов, с.т. 1983, донишҷӯи курси сеюми факултаи забони арабӣ

3.Раҳматулло Баҳромович Ахмедов, с.т. 1988, донишҷӯи курси якуми факултаи забони арабӣ

4.Тилломурод Хурсандмуродович Рашидов, с.т. 1988, давраи муқаддамотӣ

5.Абдуллои Темуралӣ Мустонзода, с.т. 1991, давраи муқаддамотӣ

6.Машрабҷон Журақулович Маҳмадиев, с.т. 1993, давраи муқаддамотӣ.

Ду нафари онҳо – Б. Сатторов ва Р. Ахмедов ният доранд ба Тоҷикистон баргарданд. Қарор аст, дар ин замина ба онҳо аз ҷониби Сафорат ёриву мусоидатҳои лозима сурат гирад. Чор донишҷӯи дигар, ба хотири дидори пайвандони худ дар Маскаву шаҳру навоҳии атрофии он, тасмим гирифтаанд, муваққат дар Русия боқӣ бимонанд ва ба онҳо дар пайдо кардани пайвандонашон кӯмак расонида шудааст.

Бино ба иттилои мавҷуда, аз 14 нафар донишҷӯи Донишгоҳи ёдшуда танҳо як тан – Абдураззоқ Икромов, донишҷӯи курси чоруми факултаи молия ва иқтисод ба ихтиёри худ, ба мақсади хатми Донишгоҳ, дар он кишвар қарор дорад. Ҳамзамон ҷои таъкид аст, ки 7 нафар аз донишҷӯёни дигар, қаблан, 1 марти соли равон аз он кишвар ба Маскав оварда шуда буданд.

Руйхати донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии исломии

Ҷумҳурии сотсиалистии Либия

1. Шуҳрат Шарифзода, забони арабӣ, асперант барномасоз

2. ОдинаевАбдулфаттоҳ, забони арабӣ, асперант барномасоз

3. Икромов Абдураззоқ, молия ва иктисод   курси 4-ум таъмири барқи сабукрав

4.Сатторов Сино забони арабӣ, курси 3-ум таъмири сабукравҳо

5.Камолиддинов Муслиҳиддин, забони араби  курси 3-юм таъмири барқи сабукрав

6.Довудов Саидхон, забони арабӣ курси 3-юм Таъмири барқи сабукрав

7.Шарифов Кароматуллоҳ, забони арабӣ курси 2-ум Барномасоз

8.Шарифов Субҳиддин, забони арабӣ  курси 1-ум шабакаҳои барқӣ

9.Ахмедов Раҳматуллоҳ, забони арабӣ    курси 1-ум шабакаҳои барқӣ

10.Абдуллоҳи Темуралӣ, забони арабӣ, курси тайёрӣ

11.Рашидов Тилломурод, забони арабӣ, курси тайёрӣ

12. Бозоров Алишер, забони арабӣ,  курси тайёрӣ

13. Муҳаммадиев Машрабҷон, забони арабӣ,   курси тайёрӣ

14. Қодир Латифуғли, забони арабӣ, курси тайёрӣ

Маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97