Додгоҳи маҳбусони фирорӣ оғоз шуд

Хабари хуб 31.03.2011 11:19

Bozdoshtgoh_01254Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи маҳбусони фирорӣ, ки дубора боздошт шудаанд, оғоз кард.

Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло дар курсии ҷавобгарӣ 11 маҳбуси фирорӣ нишастаанд, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудаанд. Ин афрод барои фирор аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, куштор, бандитизм, нигаҳдории аслиҳа ва ҷароими дигар муттаҳам мешаванд.
Ҳамчунин нафароне, ки барои ин маҳбусони фирорӣ ба ҳар навъе кӯмак кардаанд, аз ҷумла Сайриддин Азизов, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ як гурӯҳи онҳо боздошт ва гурӯҳе дигар ҳангоми муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. 
Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.
Раисиҷумҳури кишвар моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амният таъйин кард.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97