Чуноне маълум шуд, 15 майи соли равон дар ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4- и шаҳри Душанбе интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон баргузор мегардад. Бо таъин шудани Шермуҳаммади Шоҳиён ба симмати раиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷойи вакилӣ холӣ монд. Ва акнун тибқи қарори ин Комиссия дар ҳавзаи мазкур интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад.
Нахустин шуда Толибшоҳи Сайидзода( Саидов Толибшоҳ), муҳаррири нашрияи "Миллат" аз ширкати хеш ба ҳайси довталаб ба мақоми вакилӣ хабар дод. Номзадии Толибшоҳи Сайидзода журналисти соҳибноми тоҷик аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихоботи якмандатии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4 пазируфта шудааст. Мавсуф тамоми асноди лозима ва беш аз 500 имзои интихобкунандагони ҳавзаи мазкурро дар ихтиёри аъзои комиссияи ҳавзавӣ гузоштааст. Ӯ мегӯяд, ки агар Мирзоалӣ Болтуев раиси Комиссияи марказии интихобот мебуд, ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешуд, ки номзадии хешро ба вакилӣ пешбарӣ намояд, чунки дар замони раҳбари ин Комиссия будани ҷаноби Болтуев Толибшоҳ Сайидзода дар соли 2000- ум аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, рақами 27 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон, соли 2005 аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе шахси боэътимоди яке аз номзадҳои аз ҳизби мухолиф пешбарӣ шуда ва соли 2010 шахси боэътимоди номзади ҲХДТ будаву шоҳиди он гардидааст, ки дар ҷараёни интихобот, ба хусус дар рӯзи баргузории он тақаллубу қонуншиканиҳои зиёде ба чашм мерасанд. Акнун Шермуҳаммади Шоҳиён ваъдаи қатъии баргузории интихоботи шаффофро додааст ва Толибшоҳи Сайидзода бо эътимод ба ҳарфу ваъдаи Шоҳиён вориди корзори интихобот мегардад. Гуфта мешавад, ки 15 май маълум хоҳад шуд, ки ҷаноби Шоҳиён ин имтиҳони сангину санҷиши ҷиддиро чӣ гуна пушти сар кардааст. Ҳизби сотсиал- демократ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон кардаанд, ки дар ҷараёни интихобот аз номзадии Толибшоҳи Сайидзода, ки як нафари ғайриҳизбӣ мебошад, пуштибонӣ хоҳанд кард.
Довталаби дуввум намояндаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Сайидиброҳими Назар, мушовири фарҳангии ин ҳизб мебошад, ки дар гузашта низ аз ҳамин ҳавза номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон будааст. Сайидиброҳими Назар аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати ислом ва яке аз поягузорони ин ҳизб маҳсуб меёбад. Ва ӯ низ дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки ба шаффоф баргузор гардидани интихобот бовар дорад, аз ҳамин хотир розӣ шудааст, ки ҳизбаш номзадии ӯро пешбарӣ намояд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот аз ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4 номзадии котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимовро, ки як чеҳраи шинохташуда дар ҳукумати Тоҷикистон аст, пешниҳод намудааст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, ки бо номзади хеш дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4 ширкат намояд. Коршиносон зуҳури дигар номзадҳоро аз эҳтимол дур намедонанд. Вале аксар бар ин назаранд, ки дар ҷараёни интихобот рақобат асосан миёни Сайидзода, Сайидиброҳим ва Азимов сурат мегирад.
"Миллат"