Шоҳзода Раҳим Оғохон ба Тоҷикистон омад

Хабари хуб 28.03.2011 10:32

prince-rahim-aga-khan2Шоҳзода Раҳим Оғохон, фарзанди бузурги Волоҳазрат Оғохон, асосгузор ва раиси «Ташкилоти Оғохон» оид ба рушд 27 март ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Шоҳзода дар  давоми сафари чоррӯзаи хеш барномаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, аз ҷумла  лоиҳаҳои маблағгузории хурдро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор хоҳад дод.

Сафари Шоҳзода ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои мулоқот бо мизоҷони бонк  дар назар дошта шудааст. Ӯ инчунин бо ашхоси расмии Ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад.

«Ташкилоти Оғохон» оид ба рушд, ки он аз як гурӯҳи муассисаҳои рушди хусусӣ ва ғайридинӣ иборат аст, бо мақсади нируманд гардондани ҷамоатҳо ва шахсони алоҳида, беҳбудии шароити зист ва фароҳам овардани имкониятҳо, хусусан дар  Африқои шарқӣ, Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ ва Шарқи наздик фаъолият мекунад. Нӯҳ созмони ин шабака ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз ҷинс, макони сукунат ё дин, сару кор доранд. Асоси ахлоқии ин Ташкилотро шафқат нисбат ба қишри нодори ҷомеъа мебошад.  «Ташкилоти Оғохон» фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз карда, ба таҷрибаи ғании худ дар ҷамоатҳои кӯҳистон такя мекунад. Ташкилот дар ҳамаи минтақҳо ва ноҳияҳои кишвар тавассути фаъолият ва маблағгузориаш амал  мекунад ва дар ҳоли ҳозир тақрибан се ҳазор коргарро дар  бар мегирад. Дар ин бора ба «Миллат» Мунира Шоинбекова, корманди Ташкилоти Оғохон оид ба рушд хабар дод.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97