Аз 23- уми марти соли ҷорӣ дар кишварамон рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоиши аккосӣ, наққошӣ, либосҳои маҳаллӣ, хушнависӣ, саноеъи дастӣ ва кандакорӣ дар чӯб ва намоиши китобу фурӯши сиди дискҳо ва бозиҳои компютерӣ бошад дар китобхонаи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шудаистодааст.
Тавре ки ба мо оқои дуктур Ҳошими Додошукур, раиси ситоди баргузории ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон аз рафти баргузории чорабинии фарҳангӣ дар кишварамон иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ ҳар чи бештар шиносоии ду миллати бо ҳам ҳамфарҳангу ҳамзабон мебошад.
«Бубинед, мо дар асоси тафоҳумномае, ки бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги иршоди Ҷумҳурии исломии Ирон дошт, ба як тафоҳуми куллие расидем, ки ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон баргузор бишавад. Ин муносибат боис шуд, ки мо 22 –юми март ё ин ки рӯзи дуввуми Наврӯзро то ҳаштуми рӯзи Наврӯз барои ин кор ихтисос бидиҳем. Аз анвои намоишгоҳҳо, мисли намоиши китоб, ҳунарҳои таҷассумӣ ё рассомӣ, филмҳои синамоӣ, чоч ва бахшҳои дигаре марбут ба фарҳанги ҳунарии Ирон дар ин ҷо ба намоиш гузошта шудааст. Ҳадаф ҳамин аст, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба он чизе ки имрӯз дар Ирон иттифоқ меафтад, дар рӯзҳои фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон ошноӣ дошта бошанд. Чун, мо билохира як миллат ҳастем дар ду кишвари ҷудогона ва дар ду ҷуғрофиёи мутафовит. Ин барои мо як фурсате ҳаст, ки битавонем бо ҳамдигар иртибототи хуб, ҳасана ва хушеро дошта бошем. Тавъам дар ин миён мо ба мардуми тоҷик ошно мешавем ва бо дидгоҳҳои эшон ошно мешавем ва онҳо бо дидгоҳҳои мо ошно мешаванд. Ин равобит мунҷар ба ин мешавад, ки иртибототи байни Ирону Тоҷикистон ба хуби барқарор бишавад, тақвият бишавад ва муносибот ҳал ва бештар бародарона бишавад. Мо ҳам алоқаманд ҳастем, ки тоҷикони азиз дар Ирон ҳузур дошта бошанд. Ҳафтаи фарҳангӣ , намоишгоҳ ва назири инҳо баргузор бикунанд, ки мардумони мо бештаре ба ҳамдигар наздик бишаванд. Ин ҷуғрофиёи дур боис нашавад, ки бародарони мо дар Тоҷикистон нисбат ба бародарони иронӣ ва бародарони иронӣ нисбат ба бародарони тоҷикистонӣ ғариб бошанд. Ва ин фурсатест беназир барои иртибототи ҳарчи бештар, - мегӯяд, оқои дуктур Ҳошими Додишукур».
Ба назари яке аз ширкаткунандагони намоиши рӯзҳои фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон, ки худро Абдулазизи Илҳом ном бурд, ин аст- «ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон хеле хуб буд, аммо нисбат ба чанд соли қабл чунин як намоише доир шуда буд, ки он хеле зебо ба назар мерасид. Аз он хотир ки дар он намоиш метавонисти аз китобҳои бузургон, мисли Саъдӣ, Бедилу дигар бузургон пайдо бикунӣ. Аз тамошои он бисёр баҳра бурда будем. Инчунин чандин китобҳо дастрас шуда буд, ки мо қаблан онҳоро ба осонӣ наметавонистем дарёфт бикунем. Дар он намоишгоҳи фарҳангии чанд соли пеш дарёфт кардем. Дар ин намоиш бошад, он чизҳои ба назари мо, ки қаблан дида будем, ба назар намерасад. Фақат ҳамон баъзе чизҳои таърихӣ буд, ки аз давраи Хахоманишинҳо мешунавидем ё мехондем, имрӯз дидем. Аммо мехостем ҳамон тавре ки пештар шуда буд, ҳамон тавр баргузор мешуд, боз ҳам хуб мешуд».
Мавсум, оқои Дуктур Ҳошими Додишукур фарқи намоиши чанд соли пешро нисбат ба намоиши соли ҷорӣ дар ин мебинад, ки дар он намоиши қаблӣ анвои филмҳои синамоӣ ва бозиҳои компютерӣ вуҷуд надошт.
«Тафовути намоишгоҳҳои қаблӣ аз намоишгоҳҳои имрӯза дар он аст, ки фақат аз намоиши китоб ё масалан филми синамоии ҷудогона меомад ва назири инҳо. Дар ҳоле ки мо имрӯз дар ин ҷо филмҳои синамоӣ, сидиҳо ва бозиҳои компютерию китобҳоро ҷамъ кардем. Ҳамаи инҳо ҷамъ шуданд, ки мардуми тоҷик ба роҳати битавонанд аз инҳо қазоватеро дошта бошанд, мегӯяд оқои Дуктур Ҳошими Додишукур».







