Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон

Хабари хуб 25.03.2011 18:59

DSC_0917Имрӯз 25 марти соли 2011 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо вазири фарҳанг ва иршоди  Ҷумҳурии Исломии Ирон ҷаноби Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, Муҳамадато Султонов ба «Миллат» иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров меҳмони иронӣ ва ҳамроҳони ӯро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, фарорасии наврӯзи аҷамро ба онҳо муборакбодӣ намуда, ба миллати дӯст ва бародари Ирон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ, муваффақият ва касби дастовардҳои бештареро таманно намуд.

Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузории рӯзҳои фарҳангии Ирон дар Тоҷикистонро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни наврӯзи байналмилалӣ омили густариши ҳарчи бештари равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ирон арзёбӣ намуд.

«Мо аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон қаноатманд буда, ҳамзамон хостори тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо мебошем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки раванди рушд, пешрафту шукуфоӣ дар Ҷумҳурии Исломии Ирон таъмин шуда ва низоми исломӣ дар Ирон омили аслии баланд гардидани обрӯ ва нуфузи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошад ва ин муштаракот барои рушду густариши муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Тоҷикистон Иронро шарики асосии иқтисодии худ дар минтақа меҳисобад ва ин ифтихорро ҳам дорад, ки бо кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Ирон чунин аҳди ҳамшарикӣ дорад, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров».

Вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ аз ҷониби худ Шукурҷон Зуҳуровро бо фаро расии ҷашни наврузи байналмилалӣ муборакбоди намуда, дар симои ӯ ба мардуми шарифи Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

«Дар доираи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки дар Тоҷикистон то рӯзи 27 март идома меёбад, - гуфт Сайидмуҳаммади Хусайнӣ, ифтитоҳи намоишгоҳҳои аккосӣ, наққошӣ, либосҳои маҳаллӣ, санъати дастӣ ва кандакорӣ дар чӯб, фурӯши китоб, маҳфилҳои ширу шакар бо иштироки адибони тоҷику иронӣ гузаронида шуд, ки ҳарду ҷониб онро хеле самимона пазируфтанд».

Ҳамчунин меҳмонони эронӣ намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр»-ро барои дӯстони тоҷики худ армуғон овардаанд, ки дар пойтахти ватанамон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон тайи солҳои охир раванди рушду равнақро касб намуда, нисбат ба солҳои гузашта тараққӣ ёфта истодааст. Боздиди пайвастаи мақомҳои гуногуни олирутбаи ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар яке аз сабабҳои асосии таҳкими ин муносибот ба шумор меравад.

Баргузории ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз як тараф, агар ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии Душанбе ва Теҳрон мусоидат кунад, аз сӯи дигар мардум ва миллати тоҷикро бо урфу одат ва фарҳангу одатҳои муосири ин мамлакати ҳамзабон ошно менамояд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97