Толибшоҳ Саидзода, аввалин довталабест, ки барои сабти ном ба унвони номзад ба вакилии МН аз ҳавзаи Сино муроҷиат кардааст.
Толибшоҳ Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" ин нуқтаро таъйид намуда иброз дошт, ки аризаи вай аз ҷониби комиссияи ҳавзавии сабти номи номзадҳо қабул гардидааст. Ба ин тартиб ҷаноби Сайидзода ҳоло бо ҷамъоварии имзоҳои матлуб, фаъолияти худро оғоз намудааст.
Ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзаи Сино Абдулло Ҳабибов, то кунун ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ ва ё шахси дигаре ҷуз Толибшоҳи Сайидзода муддаии номзадӣ дар ин ҳавза нашудааст.
Ин пешдастии оқои Саидзода дар ҳоле сурат мегирад, ки интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир хоҳад шуд. Шермаҳмади Шоҳиён вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шудааст.