Рӯзи 23 март дар кишварамон нахустин рӯзҳои фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки то 29 март идома хоҳад дошт.
Барои ширкат дар тадбири фарҳангӣ як ҳайъати 120 нафарии Ирон ба раҳбарии дуктур Саидмуҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии ин кишвар ба Тоҷикистон омадааст.
Тибқи барномаи Рӯзҳои фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон, тайи 5 рӯз дар шаҳри Душанбе намоиши китобу наворҳои иронӣ, намоишгоҳи аккосӣ, наққошӣ, либосҳои маҳаллӣ, хушнависӣ, саноеъи дастӣ ва кандакорӣ дар чӯб дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Саймуддин Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ирон ба муносибати ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистон нишасти хабарие доир кард.
Дар ин нишаст эълом шуд, ки барномаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Шероз, ки қарор буд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар он ширкат кунад, баргузор нахоҳад шуд. Вай гуфт қарор аст, ин ҷашн рӯзи якшанбеи 27 март, бо ширкати сарони 10 кишвари ҷаҳон, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон, пойтахти Ирон баргузор шавад.