Додситон дар мурофиаи додгоҳӣ барои ду мансабдори собиқи Қирғизистон, ки муҷрим ба ташкили бенизомиҳо дар шаҳрҳои Ушу Ҷалолобод ва қасди ғасби қудрат кардаанд, ҳукми тӯлонии зиндонро хостааст.
Додситон аз додраси мурофиа барои Исҳоқ Масолеҳов, вакили пешини парлумон ва раҳбари ҳизби коммунист, 14 соли маҳрумият аз озодӣ ва барои Ҳусейн Содиқов, раҳбари собиқи дастгоҳи президент Қурмонбек Боқиев 18 соли зиндон пурсидааст. Дар моҳи майи соли гузашта гурӯҳҳои марбут ба Боқиев бинои идораҳои давлатиро дар Ушу Ҷалолобод барои як муддати кӯтоҳ ғасб карда буданд. Ба эътимоди тафтишот созмондиҳандаи он ошӯбҳо Содиқов ва Масолеҳов буда, мақомот сабти сӯҳбати телефонии онҳоро пиромуни ин мавзӯъ низ дастрас кардаанд.