Қаззофӣ мемураду ба истеъфо намеравад

Хабари хуб 21.02.2011 15:34

QazofiРаҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз нирӯҳои тарафдораш хостааст, ки ошӯбҳои алайҳи ҳукумати 41- солаи ӯро фурӯ нишонанд. Қаззофӣ дар як паёми телевизионӣ ҳушдор дод, ки тазоҳургарони мусаллаҳ қатл хоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, то охирин қатраи хунаш мубориза бурда, аз раҳбарии Либия даст нахоҳад кашид.

Бино ба хабарҳо дар тайи ҳашт рӯзи ошӯбҳо дар Либия беш аз 400 тан кушта шуда, давлат бар зидди шӯришиён  аз силоҳи ҷангӣ ва ҳатто аз ҳавопаймоҳо истифода бурдааст. Навил Пилай, комиссари ҳуқуқи башари СММ хостори таҳқиқи хушунатҳои Либия шуд. Раҳбари Либия тазоҳургаронеро, ки алайҳи ҳукумати ӯ эътироз доранд, «кӯрмушҳо ва зархаридон» номида, аз ҷонибдоронаш даъват кардааст, ки ба дифоъ аз давлат бархоста, мухолифинро саркӯб кунанд. Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин овозаҳои ба кишвари Венесуелла фирор кардани хешро дурӯғи маҳз номид. Ин паёми Қаззофӣ дар ҳоле садо дод, ки нирӯҳои ӯ назорати бахшҳои шарқии Либияро аз даст дода, шумори рӯзафзуни дипломатҳояш ба нишони эътироз ба саркӯбии тазоҳургарон истеъфо медиҳанд. Дирӯз Шӯрои амнияти СММ саркӯбии эътирозгарон аз сӯйи режими Қаззофиро маҳкум кард ва хостори қатъи хушунатҳо шуд. Нигарониҳо дар бораи пайомадҳои бӯҳрони Либия бойиси беш аз 8 дарсад боло рафтани қиммати нафт шудааст. Либия қариб 2 дарсади бозори нафти ҷаҳонро таъмин мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97