Мирзоалӣ Болтуев бознишаста мешавад

Хабари хуб 20.02.2011 10:26

BoltuevПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон пешниҳод кард, ки Мирзоалӣ Болтуев аз раҳбарии КМИР бозхонда шавад.

Бино бар хабари сафҳаи интернетии раисҷумҳур, пешниҳод бар он асос ёфтааст, ки раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиҳо (КМИР) Мирзоалӣ Болтуев бо сабаби ба нафақа баромадан бознишаста мешавад.

Ин манбаъ меафзояд, Мизроб Кабиров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва ду узви ин комиссия - Низомиддин Зоҳидов ва Саймурод Тағоев низ бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ сабукдӯш хоҳанд шуд.

Ваколати узви дигари ин комиссия Бобоҷон Лақаев ба сабаби фавти ӯ поён ёфтаасст.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагонро пешниҳод кардааст.

Ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ пешниҳод шудааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97