Қаззофӣ ҳам гурехт

Хабари хуб 19.02.2011 14:03

QazofiБа гузориши шабакаи «Ал-арабия» генерал Қаззофӣ ҳам баъд аз 40 сол ҳукумат бар кишвари Либия онро тарк кард. Гузоришҳо ҳокист вай зимоми умурро дар кишвар ба дасти писараш Сайфулислом супурдааст, аммо мардуми ин кишвар дигар ин хонаводаро намехоҳанд.

Артиш дар бисёре аз шаҳрҳои Либия ба мардум пайвастааст ва аксари манотиқи ин кишвар дар ихтиёри мухолифон қарор гирифта аст. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Либия дар ҳоли фиристодани зархаридҳои хориҷӣ ба чанд минтақаи муҳимми ин кишвар аст. Аммо мардум дигар на аз зархаридон метарсанду на аз хонаводаи диктатори худкомаи ин кишвар.

Бо ин ҳол теъдоди диктаторҳои фирорӣ меафзояд. Шояд ин охирини онҳо набошад, зеро дар Яман, Баҳрайн, Марокаш, Урдун, Алҷазоир ва дигар кишварҳо ҳам вазъият чандон ором нест ва муваффақияти мухолифон дар ,Либия суръати ҳаракати мардуми ин кишварҳоро низ афзоиш хоҳад дод.

Тибқи гузоришҳо Муаммар Қаззофӣ ё ба Бразилия паноҳ бурдааст ё Венезуеларо барои охири умри худ интихоб кардааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97