Табодули таҷриба бо мутахассисони қирғиз

Хабари хуб 19.02.2011 14:01

Ҳайъате аз Қирғизистон, иборат аз тарроҳони либос, намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ ва устодони донишгоҳ аз 20-ум то 24-уми феврал бо ҳадафи табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷикашон дар Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт. Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад. Дар ин бора Абдулфаттоҳ Шафиев, Мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеаи Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дарТоҷикистон», ба «Миллат» хабар дод.

Ҳадаф аз ин сафар муаррифии ширкатҳои хадамотрасони қирғиз ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, табодули таҷриба, барқарор кардани тамосҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории эҳзтимолӣ миёни корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкатҳои хадамотрасон ва донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.

Барномаи расмии сафар, рӯзи душанбе, 21-уми феврал, бо баргузории мизи мудавваре дар Вазорати энержӣ ва саноат оғоз мешавад. Дар мизи мудаввар намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ва Маркази байнулмилалии тиҷорат иштирок хоҳанд кард. Бар илова, дар ҷараёни сафар меҳмонон аз Қирғизистон ҳамчунин аз корхонаҳои нассоӣ ва дӯзандагии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дидан карда, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқот мекунанд.

Дар назар аст, ки дар ин ҳама дидорҳо мутахассисони қирғиз хадамот ва ҳунару малакаи худ, ҳамчунин, факултаҳои тарроҳии мӯд дар донишгоҳҳои Қирғизистонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» тасмим дорад, то дар оянда чунин як сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро ба Қирғизистон ба хотири табодули таҷриба созмон бидиҳад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97