Дар Ирон мехоҳанд Каррубӣ ва Мусавӣ қатл шаванд

Хабари хуб 17.02.2011 12:23

Tazohuroti_Iron18 феврал дар шаҳри Теҳрон бо мусоидати давлати Ирон гирдиҳамоие баргузор гардид, ки дар он тарафдорони ҳукумат нисбат ба мухолифин изҳори «адоват» намуданд.

Дар пайи намози ҷумъа, тавре телевизиони давлатии Ирон намоиш додааст, издиҳоми бузурге бо шиорҳои зидди Амрикову Исроил ба сӯи майдони Инқилоб мерафтанд. Тазоҳургарон ҳамчунин кушта шудани раҳбарони мухолифини Ирон Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубиро талаб кардаанд. Чунин намоишҳо дар шаҳрҳои дигари Ирон низ доир шудааст. Ин ба дунболи тазоҳуроти рӯзи 14 феврали мухолифин аст, ки даҳҳо ҳазор нафарро гирд овард ва бар асари даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ  ду нафар кушта шудаанд. Каррубӣ ва Мӯсавӣ ҳарду аз ҳамон рӯз таҳти ҳабси хонагӣ қарор доранд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97