Соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, пеши роҳи рӯди Мурғоб баста шуд.
Аз тамоми сокинони деҳи Усой танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.
Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.
Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки Помир аллакай таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.
Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.
Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони «аждаҳои хуфта» ёд мешавад.
Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милён одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.
Кӯли Сарез дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.
Дарозиии кӯли Сарез 62 км, бараш 3,3 км, умқи он то 500 метрро ташкил медиҳад. Ҳачми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, ба ин кӯл 17 даргов (рӯдхонаи хурд) ва 16 рӯдхонаи кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.