Сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардаанд.
Дар баёнияи сафирон дар бораи ҳамла ба Сайфуллозода, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал интишор ёфт, аз ҷумла омадааст: "Иттиҳоди Аврупо ҳамлаи бесабаб ва хушунатбор ба ҷаноби Сайфуллозодаро иқдоме барои тарс додан арзёбӣ мекунад, ки алайҳи ҳуқуқи инсон ва ба хотири ибрози назарои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ равона шудааст."
Баёния меафзояд: "Иттиҳоди Аврупо бар ин аст, ки одамон набояд ба далели боварои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ё ибрози ин боварҳо дар расонаҳо мавриди хушунат қарор бигиранд."
Сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки ҳодисаи ҳамла ба Сайфуллозодаро мавриди баррасии комил қарор бидиҳанд ва омилони ин ҳамла ба сазои аъмоли худ бирасанд.
Қаблан ҳам намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе низ ин амалро маҳкум карда ва аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки омилони ин ҳодисаро пайдо ва муҷозот кунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 феврал афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар наздики манзили зисташ ба вай ҳамла карда ва ӯро ҳадафи латукӯб қарор дода буданд. Дар асари ин ҳамла Сайфуллозода ҷароатҳои сангин бардошта ба бемористон мунтақил шуд ва то ҳол он ҷо бистарӣ мебошад.
Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса муфаттишони бахши ноҳияи Синои ин вазорат парванда боз кардаанд ва таҳқиқи он идома дорад.