Додрасе дар шаҳри Милани Италия ҳукм кардааст, ки Силвиё Берлусконӣ, сарвазири ин кившар ба додгоҳ ҳозир шавад.
Берлусконӣ ба он гунаҳкор дониста мешавад, ки бо духтаре ҳабдаҳсола робитаи ҷинсӣ доштааст.
Мутобиқи қонунҳои кишвари Италия ҳабдаҳсолагӣ синни ноболиғ барои фоҳишагӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин сарвазири Италия ба он муҷрим дониста мешавад, ки дар як мавриди дигар духтареро аз боздоштгоҳи пулис раҳо кардааст.
Додрас Кристина ди Сенсо гуфтааст, ки 6 апрелро рӯзи муҳокимаи додгоҳӣ таъин кардааст.
Қарор аст Берлусконӣ тавассути се додраси зан муҳокима шавад. Сарвазир ва духтари ҳабдаҳсола ҳар ду доштани робитаи ҷинсиро рад мекунанд.
Вакилони мудофеъи Берлусконӣ далел меоранд, ки додрас ҳақ надорад дар бораи муҳокима шудани афрод ҳукм содир кунад.